ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо,дар паи муваффақияти варзишкорони гуштингирони навъи юнонӣ-румии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Норвегия, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ шомгоҳи якшанбе бо судӯри паёме аз паҳлавонони гуштини Эрон ва мураббии онон ташаккур карданд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём тасреҳ карданд : Офарин бар паҳлавонони гуштин ва мураббии онон, ки ҳама бавижа ҷавононро шод карданд .
Эшон ҳамчунин барои тими миллии гуштини Эрон орзӯи муваффақият карданд .
Тими гуштини юнонӣ-румии Эрон дар поёни рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Ослои Норвегия ба унвони нойиб-қаҳрамонӣ даст ёфт .
Ин мусобиқот дируз якшанбе ба поён расид .
342/